<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><hymn_number>122</hymn_number>
<lyrics>[C1]
.     Gm                     F
   // Бо шарирон машварат кардан хатост,
.  F                      Gm
   Бо гуноҳкорон нишастан норавост. //

[V1]
. B                     F
 Хуш ба ҳоли он ки аз рӯи хирад
.Cm                       Gm
 Дар пайи ин фосиқон раҳ наспарад.
.B                     F
 Он ки ӯ Парвардигори худ шинохт,
.Cm                      Gm
 Бо тафаккур рӯзу шаб худро гудохт.

[V2]
 // Бо шарирон машварат кардан хатост,
 Бо гуноҳкорон нишастан норавост. //

[V3]
 Дар Худо мемонад ӯ бо иззу шон
 Чун дарахте бар лаби рӯди равон.

[V4]
 Сабзу шодобу муаттар шохаҳош,
 Дар амон аз боду сармо соқаҳош.

[V5]
 Бар ҳарими баргҳояш оҳ нест,
 Офати пажмурдагиро роҳ нест.

[V6]
 Мева дар ҳангом орад ин дарахт,
 Кори неканҷом дорад ин дарахт.

[V7]
 // Бо шарирон машварат кардан хатост,
 Бо гуноҳкорон нишастан норавост. //

[V8]
 Бар шарирон роҳи раҳмат баста аст,
 Бо худоҷӯён Худо биншастааст.

[V9]
 Ростонро бо шарирон кор нест,
 Ростиро роҳ ноҳамвор нест.

[V10]
 Ҳамчу коҳ андар масири бодҳо
 Ин шарирон мешаванд аз ҳам ҷудо.

[V11]
 Ҷуз ҳалокат нест инҳоро ҷазо,
 Маргу нафрин бошад инҳоро сазо.

[V12]
 // Бо шарирон машварат кардан хатост,
 Бо гуноҳкорон нишастан норавост. //

[V13]
 Чун Худо огоҳ аз ҳар рози мост,
 Воқиф аз ҳар дарду сӯзу сози мост.

[V14]
 Одилонро зиндагӣ мебахшад Ӯ,
 Иззату фархундагӣ мебахшад Ӯ.

[V15]
 // Бо шарирон машварат кардан хатост,
 Бо гуноҳкорон нишастан норавост. //</lyrics>
<title>Ба пайравии таронаи 1 дар китоби Забур Хд122</title>
<key>Bb</key>
</song>